Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Иттиҳоди Аврупо ваксини "Спутник V" - ро рад кард

Аврупоро мебоист аз ваксинҳои истеҳсолкардаи худ истифода кард, мегӯяд намояндаи ИА Тиерри Бретон ва илова намуд. Ӯ афзуд, ки ваксини сохти Русия ба онҳо лозим нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Иттиҳоди Аврупо ба ваксини Русия алайҳи коронавирус ниёз надорад, гуфт Комиссари Аврупо оид ба бозори дохилӣ Тиерри Бретон дар шабакаи телевизионии TF1.
Вай гуфт, ки Аврупо ҳамчун қитъаи дорои ваксинаҳои аз ҳама тасдиқшуда бояд иқтидори кофии истеҳсолӣ барои ваксина дошта бошад.
"Мо ба “Спутник V” комилан ниёз надорем", -  гуфт Бретон.
Комиссари Аврупо мегӯяд, Русия дар масъалаи истеҳсоли ваксин мушкилӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо омодааст дар ин самт ба Русия кӯмак кунад. Аммо ӯ илова намуд, ки Аврупо метавонад аз нимаи дуюми соли 2021 дар истеҳсоли ваксин ба Русия дасти кумак дароз кунад.
Мардум норизо, аммо Ализода тавсиф кард: АstraZeneca - и Ҳиндустон чигуна ваксин аст?
Бретон инчунин гуфт, ки масунияти оммавӣ аз COVID-19 дар Аврупо эҳтимол то нимаи моҳи июл пайдо шавад.
Ҳиндустон 200 миллион воя ваксини "Спутник V " - ро истеҳсол мекунад
Ёдовар мешавем, ки аксар кишварҳои ИА аз ваксини AstraZeneca даст кашиданд. Зеро истифодаи ваксини мазкур аксар эмгирифтаҳоро ба тромбоз оварда расонд.
Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини AstraZeneca – ро даст намудааст. Намояндагони Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар мамлакат марҳилаи омодагӣ ба маъракаи эмгузаронӣ идома дорад. Бо ваксини мазкур бояд 20 дарсади аҳолӣ эмгузаронӣ шавад.