ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ҷамъбаст мегардад, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ғолибони мусобиқаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шоҳҷоизаҳо - 4 автомашинаи сабукрав, Ҷоми "Пойтахт-2021" ва туҳфаву ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ "Гӯштингирӣ" бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2021 баргузор гардида истодааст.
Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Зикр мегардад, ки ҳадафи асосӣ аз роҳандозӣ намудани ин мусобиқаҳои варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ - Наврӯзи Аҷам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Иди Наврӯз баргузор намудани мусобиқаҳои гӯштингирӣ ва пойгаи аспдавонӣ дар пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.