Ҳабиб гуфт, мардум бояд ӯро фаҳманд, зеро ҳар як муҳориба модарашро пир мекунад

Қаҳрамони акнун собиқи UFC вазни сабуки Хабиб Нурмагомедов дар мусоҳиба бо ESPN бори дигар тасмими нуқта гузоштан ба корбурди вархзишии худ шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, шояд мардум ӯро нафаҳманд, аммо дар воқеъ ӯ умедвор аст, ки ҳамагон тасмими гирифтаашро дастгирӣ мекунанд.
“Ман ҳис мекунам, ки бояд бас кунам, зеро ҳар набарди ман аз модарам чанд соли умрашро мегирад”.
Размикори доғистонӣ мегӯяд, агар Дана Уайт чанд рӯзи пеш хабари ба нафақа баромаданашро эълон кард, аммо ӯ наздики шаш моҳ аллакай бознишаста буд.
Қаҳрамон рафт: аксҳо аз муҳорибаҳои бидуни бохт ва хотирмони Ҳабиб Нурмуҳаммадов
"Дана расман инро эълон кард, аммо ман тақрибан 4-6 моҳ пеш ба нафақа баромадам", - тавзеҳ дод варзишгар.
Ҳабиб аз мулоқоти ахири худ бо президенти UFC хабар дода гуфт, “бо Дана мулоқоти хуб доштем”. Размикор аз самимияту эҳтироми худ нисбати Уайт гуфт ва зикр намуд, ки ӯро на танҳо барои талошҳояш дар ҳаққи худ, балки барои тамоми кораш, ки дар ин соҳа анҷом медиҳад, қадр мекунад.
Дар идома қаҳрамони собиқ гуфт, ба ин намуди варзиш барои нишон додани кӣ будани худ омад. Ӯ мегӯяд, қаҳрамони ҷаҳон ҳам шуд ва тавонист се маротиба камарбанди қаҳрамонияшро ҳифз кунад.
Ба таъкиди Ҳабиб, чун дар ин намуди варзиш аллакай қаҳрамон шуд ва  бануқтаи баландтарин расид, барояш минбаъд идома додани муҳорибаҳо барои ӯ беаҳамият шуданд.
“Боз барои чӣ идома бояд диҳам? Барои пул?. Аммо ба ман пул лозим нест”, - шарҳ додааст Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти UFC расман аз бознишаста шудани Ҳабиб хабар дод.