Имрӯз дар ВДНХ - и шаҳри Маскав намояндагони Озарбойҷон ҷашнии ҷаҳонии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намуданд. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ бо сару либоси миллӣ мардумро пешвоз гирифтанд ва бо барномаи фароғатии худро таъби онҳоро болида намуданд.
Рақс мекарданду сурд мехонадад, дар ҷойе оташ андохтанду гирди он бозӣ мекарданд.
Илова бар ин, дар як гӯша масобиқаи варзишӣ, аз ҷумла гуштин низ намоиш дода шуд.
Меҳмонону ҳунармандон дар фазои ором бидуни пӯшидани ниқобу риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ фароғат карданд.