Ӯзбекистон шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро зиёд кард

Ӯзбекистон теъдоди парвозҳои мунтазамро дар масири Тошканд-Душанбе афзоиш дод, акнун ҳавопаймоҳои ширкати ӯзбекӣ ҳафтае ду маротиба ба Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 март - Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон шумораи парвозҳои мунтазамро аз Тошканд ба Душанбе афзоиш медиҳад, гуфта мешавад дар торномаи ин ширкат.
Ҳамин тариқ, аз 3 апрел парвозҳо ҳафтае ду маротиба рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд, ҳол он ки ҳавопаймоҳои қаблӣ байни кишварҳо як маротиба парвоз мекарданд.
Парвоз дар масири Тошканд - Душанбе аз пойтахти Ӯзбекистон соати 8-и субҳ (бо вақти маҳаллӣ) сурат мегирад, вақти парвоз як соатро ташкил хоҳад дод.
Парвози Душанбе - Тошканд, тибқи ҷадвал, соати 11 сурат мегирад.
“Роспотребнадзор” Тоҷикистонро таъриф карду рафт: роҳҳои Русия боз мешаванд?
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки чиптаро дар масири Тошканд-Душанбе бо нархи 1 миллиону 629 миллион сӯм (тақрибан 155 доллар) дар қисмати эконом ва 2,256 миллион сӯм (215 доллар) дар синфи бизнес харидан мумкин аст.
Нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Тошканд аз класси эконом 1 миллиарду 622 миллион сӯм ва класси тиҷорӣ 3,039 миллион сӯм оғоз мешавад.
Дар Ӯзбекистон парвозҳоро ба муносибати Наврӯз то 50% арзон мекунанд
Хотиррасон мекунем, ки парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Тошканд 16 марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ карда шуда буданд.
Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси чартерӣ ташкил карда шуд. Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ анҷом шуд.
Аз 20 январи соли равон ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор карда шуд, парвозҳоро ширкати "Сомон Эйр" ва "Узбекские авиалинии" анҷом медиҳанд.
Инчунин, гузариши шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои заминӣ ҳоло қисман аз сар гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, шаҳрвандоне, ки наздиконашон дар қаламрави ҳамсоя бемор шудаанд ё фавтидаанд, метавонанд аз сарҳад гузаранд.
Умеди Ӯзбекистон барои роҳандозии парвозҳои мунтазам ба Русия дар моҳҳои март-апрел
Инчунин, донишҷӯёни донишгоҳ ё онҳое, ки ҳамсар ё шавҳарашон дар он сӯ аст, метавонанд аз сарҳад гузаранд.