ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, 19 март дар шаҳри Гулистон мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Манбаъ афзуд, дар мусобиқа 11 даста иштирок карданд. Аз ҷумла “Истаравшан” (Истаравшан), КМВА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Куктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), ҳамчунин ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) миёни ҳам қувваозмоӣ кардаанд. Дар маҷмуъ дар доираи мусобиқа 20 бозӣ анҷом дода шудаст.
Кумита иттилоъ дод, ки ҷойҳои ифтихории Ҷоми ЛФТ-2021-ро тимҳои вилояти Хатлон ишғол карданд. “Файзканд”-и Восеъ дар финал “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, ғолиб шуд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хатлон”-и Бохтар бар тими мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
Ташкилотчиёни мусобиқа, ҳамчунин беҳтаринҳоро муайян намуданд, ки ҷоизаи беҳтарин дарвозабон насиби Куайе Годсон аз тими “Хатлон” гардид. Доробҷон Эргашев аз “Файзканд” беҳтарин ҳимоятгар дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгарро Хусрав Тоиров аз тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба даст овард. Беҳтарин ҳамлавар Наврӯз Рустамов аз тими “Равшан” ва беҳтарин футболбоз Маҳмадалӣ Содиқов аз “Файзканд” эътироф гардиданд.