ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Чорабинии мазкур дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмаи Умумии СММ аз 18 марти соли 2018 таҳти унвони "Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" доир шуд.
Мавзӯи ҳамоиш "Густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва суръат бахшидани амалҳои мушаххас ҷиҳати расидан ба ҳадафу мақсадҳои Рӯзномаи 2030-и марбут ба масъалаҳои об ва Ҳадафҳои рушди устувор" мебошад.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин ходимони давлатӣ буд, ки дар ин ҷаласаи сатҳи баланд оид ба аҳамият ва ҳадафҳои эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ки ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат мекунанд, суханронӣ карда, таъкид дошт, ки бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири ҳамагирии Ковид-19, ин масъала аҳаммияти хосса касб кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҳанӯз ҳам 29 фоизи аҳолии кураи Замин ба оби нӯшокии безарар ва 55 фоизи он ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт дастрасӣ надоранд.
Мусаллам аст, ки дар вазъияти имрӯза татбиқи саривақтии Рӯзномаи-2030 барои аксари кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳил, алалхусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ, душвор хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта, ки чунин ҳолат, бешубҳа, тақвияти бештари ҳамкориҳоро ҷиҳати суръат бахшидан ба амалҳои ҳамоҳангшуда зимни татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби Рӯзномаи-2030 талаб менамояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир кӯшишҳои зиёдеро ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд роҳандозӣ намудааст.
Бо ташаббуси кишвар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо иттифоқи оро қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.
Зимни суханронӣ Президент бори дигар омодагии Тоҷикистонро дар пешбурди минбаъдаи масъалаҳои об ва хусусан, вобаста ба пешгирии таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, дар ҳамаи сатҳҳо таъкид намуданд.
Тоҷикистон соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба раванди Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” доир хоҳад кард ва умед аст, ки он дар раванди омодагирӣ ба Конфронси соли 2023 саҳми босазо хоҳад гузошт.
Дар чорабинии “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об” ҳамчунин Волкан Бозкир — раиси Маҷмаи Умумии СММ, Амина Муҳаммед — муовини Дабири кулли СММ, Мунир Акрам — президенти Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодии СММ, Марк Рутте — сарвазири Подшоҳии Нидерланд, Жилбер Унгбо — раиси абзори “СММ ва Об” ва дигар коршиносони сатҳи байналмилалӣ суханронӣ намуданд.