Душанбе, 17 мар - Sputnik. Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон фармоиши иҷтимоиро ба маблағи 300 миллион сӯм барои эҷоди як системаи электронӣ эълон кард, ки иҷорадиҳандагон ва донишҷӯёнро дар як майдон муттаҳид мекунад, то ба охирон дар ёфтани манзили иҷора кумак кунад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҳукумати вилояти Самарқанд ин ташаббусро дастгирӣ кардааст, зеро мушкилоти таъмини донишҷӯёни донишгоҳҳо бо хобгоҳҳо дар минтақа муҳим аст.
Дар ҳоли ҳозир, дар минтақа тақрибан 60 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад ва танҳо шаш ҳазор нафари онҳо метавонанд дар хобгоҳҳо ҷойгир шаванд - барои ҳама ҷой намерасад.
Аксари ҷавонон дар манзилҳои ғайрирасмии иҷора ё дар хонаҳои худ зиндагӣ мекунанд.
Мушкилоти дигар ин набудани муносибатҳои шаффофи байни донишҷӯён ва соҳибхонаҳо мебошад. Интизор меравад, ки эҷоди платформа имкон медиҳад, ки масъалаҳои дарёфт, интихоби ҷой ва ҷойгиркунии донишҷӯён дар асоси мунаҳҳам ҳал карда шаванд.
Дар назди донишгоҳҳо вазифа гузошта шудааст, ки шумораи хобгоҳҳои донишҷӯёнро ба ҳадди аксар расонанд, системаи иҷораи манзилро таҳия кунанд ва механизмҳоеро таҳия кунанд, ки ҷустуҷӯи манзилҳои иҷоравиро осон мекунанд.
Гуфта мешавад, дар 129 донишгоҳи кишвар беш аз 500 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, аммо на ҳама дар хобгоҳҳо ҷойҳои кофӣ доранд. Дар Тошканд 85 хобгоҳ аст, ки танҳо 13% донишҷӯёнро фаро мегирад.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон низ махсусан дар Душанбе мушкили дарёфти хонаҳои иҷора сол ба сол мушкил ва гарон мешавад. Донишгоҳҳо низ иқтидори пурра таъмин кардани ниёзмандон ба ҷойи хобро надоранд ва ҳамзамон чунин талоше барои ҳалли ин мушкил пеш гирифта нашудааст.