Шойгу гуфт дар барқарор шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ӯ низ саҳм дошт

Муайян гардидааст, ки Сергей Шойгу вазири мудофиаи Русия дар бартараф шудани муноқишаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳм гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Шойгу аз саҳми худ дар барқарор шудани муносибатҳои хуб миёни ин ду кишвар, дар мусоҳиба ба Тенгринюс хабар дод.
Ба изҳори вазири рус, ӯ муддати 30 сол ба ҳайати ҳукумат шомил аст ва дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла бартараф кардани муноқишаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳм гузоштааст.
Сергей Шойгу инчунин илова намудаст, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шахсан мешиносад, зеро солҳои 1993 - 94, ӯ дар Тоҷикистон ба корҳои сулҳҷӯёна ва башардӯстона машғул буд.
Шойгу аз ҳаракати террористон ба Афғонистон ва бозори гарми маводи мухаддир нигарон аст
Бояд гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1995 сард шуданд. Нахуст, нофаҳмиҳо сари масоили тиҷоратӣ бархост ва сипас сохтмони Неругоҳи барқӣ - обии "Роғун" якбора муносибҳоро дурушттар кард.
Тошканд аз он нигарон буд, ки бо сохтмони ин неругоҳ заминҳои кишти Ӯзбекистон бе об мемонанд. Аз ин рӯ, якбора постгоҳҳои марзӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистонро баст.
Танҳо сар аз соли 2017, аниқтараш пас аз сари қудрат омадани кишвардори феълӣ Шавкат Мирзиёев муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ранги дигар гирифт.
Ӯзбекистон сохтмони як беморхонаро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид
Ба илова боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ, ҳамчунин равобити ҳавоӣ низ барқарор шуд. Ҳоло шаҳрвандони ҳар ду кишвар озодона ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар омадурафт мекунанд.
Танҳо имсол бинобар авҷи маризии коронавирус, постгоҳҳо ва парвозҳои ҳавопаймоӣ муваққатан баста монданд.