ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Камчибек Ташиев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, гузориш медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Қаблан тахмин зада мешуд, ки Ташиев бо сардори хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Абдусалом Азимов мулоқот хоҳад кард, ки он ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад бахшида хоҳад шуд, аммо ин маълумот аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рад карда шуд.
Ҳамин тариқ, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мулоқот мекунад. Масъалаи асосӣ дар ҷараёни мулоқот аломатгузории марзҳои ду кишвар хоҳад буд. Ҷаласаи комиссияҳои ҳукуматӣ дар Хуҷанд аз 15 то 18 март идома хоҳад кард.
Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъкид кард, ки Ташиев ва Ятимов бори аввал мулоқот мекунанд, аз ин рӯ, илова бар масъалаи таъини марз, онҳо як қатор мавзӯъҳои муҳими дигарро низ баррасӣ хоҳанд кард.
Мавзуъҳои баррасишаванда муқовимати муштарак ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳо ба амнияти ду кишвар мебошад.
Қаблан вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев бо як гуфтугӯи телефонӣ нақшаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки қитъаи сарҳади давлати Қирғизистон ва Тоҷикистон давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал гардидааст.
Сабаби асосӣ минтақаҳои тақсимнашуда мебошад, ки муайян кардани сарҳади байни давлатҳо дар он ҷо мушкилзо мебошад. То имрӯз аз 970 километр танҳо 504 километр аломатгузорӣ шудааст.
Давлатҳо пас аз пошхӯрии СССР натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳснок ба мувофиқа расанд.