Бозии Тоҷикистону Муғулистон бо 10 ҳазор тамошобин мегузарад: ФФТ арзиши чиптаҳоро гуфт

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби  Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мазкур  рӯзи панҷшанбе, 25 март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Се голи футболбози тоҷик дастаи Молдоваро ба пирӯзӣ расонд- видео
Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар буда, арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бо мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.
Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро барои рақобат зидди дастаи мунтахаби Муғулистон 19  март дар шаҳри Душанбе оғоз мекунад.
Супориши Аҳмадзода ба раҳбарияти шаҳри Истаравшан барои дастгирии футболбозон
Ин дидори мунтахаби кишвар мебоист соли гузашта баргузор гардид, аммо бинобар сабаби пандемия он ба таъхир афтод.
Ёдовар мешавем, ин нахустин бозӣ пас аз пандемия бо ҳузури комили мухлисон дар майдон хоҳад буд.
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи "F" ҳамзамон бозиҳои моҳи июнии худро бо тимҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.