ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагон ва мусофирон мерасонад, ки бинобар боришоти барф ва фаромадани тарма дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда шудааст.
БДА аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ аз сафар худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин безарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.
Манбаъ афзуда, ки айни замон корҳои бартарафсозӣ идома дошта, оид ба оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" иловатан хабар дода мешавад.
Ёдрас мешавем, ки бино ба ҳушдори ҳавошиносон рӯзҳои охир дар Тоҷикистон боришоти барфу борон, фаромадани меғ ва тарма пешбинӣ гардид.
Мутахассисон ҳамчунин, нобудшавии зироати кишоварзон ва гулу дарахтонро аз эҳтимол дур намедонанд.