Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Талаботи вуруд ба Ӯзбекистон тағйир ёфт

Акнун барои ворид шудан ба кишвар санади манфии ташхиси коронавирус лозим намешавад, вале баъзе ҳуҷҷатҳо ҳамоно ҳатмӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Қоидаҳои вуруд ба Ӯзбекистон дигар мешаванд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба қарори Комиссияи вижаи ҳукуматии мубориза бар зидди коронавирус.
Туркия талаботи вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дод
Аз 15 март талабот барои супоридани ҳатмии ташхиси коронавирус дар вокзалҳо ва фурудгоҳҳо барои мусофироне, ки ба кишвар ворид мешаванд, бекор карда мешавад.
Барои ворид шудан ба Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймо ё роҳи оҳан, бояд санади манфии коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш аз сабти ном ба ҳавопаймо ё қатора дода мешавад, пешниҳод карда шавад.
Дар ояндаи наздик рӯйхати лабораторияҳое нашр карда мешаванд, ки натиҷаҳояшон дар Ӯзбекистон эътироф карда мешаванд.
Дар айни замон, вазъи ҳамагирии коронавирус дар Ӯзбекистон мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Камхарҷу сердаромад: Ӯзбекистон барои қатораҳояш дар роҳи оҳани Суғд хати барқӣ месозад
Дар маҷмӯъ, дар Ӯзбекистон 80.481 ҳодисаи сироят ошкор карда шуд, ки шумораи умумии шифоёфтагон аз 79 ҳазор нафар гузашт.
Дар кишвар 622 нафар аз коронавирус ҷон доданд.