ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар гурӯҳи "А" бо ширкати чемпиони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и Душанбе – дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Истиқлол" дар як гурӯҳ бо дастаҳои "Ал-Ҳилол" (Арабистони Саудӣ), "Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай" (АМА) ва ғолиби ҷуфти "Ал-Ғарафа" (Қатар) – АГМК (Узбекистон) дар плей-офф бозӣ мекунад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чемпиони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. «Истиқлол» аввалин дидорашро дар марҳилаи гурӯҳӣ 15 апрел муқобили чемпиони АМА – клуби «Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай» анҷом медиҳад.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар минтақаи Ғарб ба таври муттамарказ аз 14 то 30 апрел, дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май сурат мегирад.
Тибқи низомнома, бо натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони 5 гурӯҳ дар ҳар ду минтақа, ҳамчунин седастаӣ аз ҳар минтақа, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва нишондоди хуб доранд, ба марҳилаи 1/8-финалӣ роҳхат мегиранд.