"Ман шарм доштам": Дима Билан Манижаро дастгирӣ кард

Дима Билан, ки ду маротиба Русияро дар озмуни Евровидение намояндагӣ кардааст, ҳуҷумҳои бемаврид ба Манижаро тоб наоварда, ӯро дастгирӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Сарояндаи номдори Русия Дима Билан дар саҳифааш дар Instagram видеое нашр кард, ки дар он рӯирост муносибати худро нисбати суруди Манижа Сангин ва воқеоти атрофи он сухан гуфт.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Овозхон эътироф кард, ки пас аз хондани саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва дидани он чизе, ки онҳо дар бораи суруд ва сароянда менависанд, шармаш омад.
Ақаллан ба сегона ворид мешавад: пешбинии ситораҳо аз шонси Манижа дар "Евровидение"
"Шармам омад, ки ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки дар замони мо дар ин кишвари сермиллат дар бораи миллат мегӯянд. <...> Мо худамон худро қамчин мезанем!" - навиштааст сароянда.
Чулпан Хаматова Манижаро дастгирӣ кард: духтари ҷасур ва боистеъдод аст
Дима Билан ба ҳамаи мунаққидон тавсия додааст, ки асарҳои ӯро гӯш кунанд ва илова кард, ки ӯ хеле касбӣ месарояд ва сатҳи баланди вокал ва мусиқӣ дорад.
"Манижа - ин ватани мо аст ва бо ин сухан ҳамааш фаҳмо аст", - афзуд овозхон.
Дар поёни паём Дима Билан ба Манижа дар Евровидение-2021 барору комёбӣ таманно кард.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Озмунҳоро бад мебинам": мусоҳибаи Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант" - видео
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши суруди Манижа Сангин "Зани рус" рӯзи 8 март дар эфири Шабакаи аввал баргузор шуд. Ва рӯзи дигар, он мавзӯи баҳсҳо ва ихтилофҳо шуд: бисёре аз шабакаҳои интернетӣ ва шахсиятҳои маъруф, сароянда, симо ва худи сурудро танқид карданд.
Манижа бо болопӯш ва рӯймоле, ки дар сараш баста буд, ба саҳна баромад.
Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорад
Тарона ҳам ба забони русӣ ва ҳам англисӣ сароида мешавад.
Матни таронаро Манижа зимни сафари ҳунарӣ ба Тел-Авив эҷод кардааст.