ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Блогери рус Руслан Усачёв, ки дар шабакаи Youtube миллионҳо бинанда дорад, дар дайджести ҳафтаинаи худ мавзӯи Евровидение ва Манижа Сангинро баррасӣ кард.
Наворро ӯ аз маҳкуми мунаққидон, оғоз кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ далели зодаи Тоҷикистон будану тобиши феминистӣ доштани сурудро танқид мекунанд.
Вай диққатро ба он ҷалб кард, ки ҳама гуна ғавғо дар атрофи сароянда танҳо ба фоидаи Шабакаи якум аст, ки сарояндаҳоро барои озмун интихоб мекунад.
Руслан Усачёв тавзеҳ дод, ки Манижаро тамошобинон барои он интихоб карданд, ки ду иштирокчии дигар умуман бесалиқа буданд.
"Дар пасманзари онҳо, Манижа хеле дурахшон ба назар мерасид. Суруди феминистӣ дар рӯзи 8 март, садои гуворо, суруд, ки забонҳо ва жанрҳои мухталифро омезиш медиҳад ва образи рангоранг", - гуфт блогер.
Ӯ ҳамчунин аз омезиши жанрҳо дар суруд истиқбол карду ба забони русӣ будани бештари қисматҳои онро аз нуқсони он хонд.
"Суруд ҷолиб аст, зеро Манижа садои халқиро бо овози муосири Ғарб ба таври хеле аслӣ омезиш медиҳад. Бароям гӯш кардани чунин суруд дар плеер душвор аст, аммо барои Евровидение кор карда метавонад. Аз тарафи дигар, суруд тақрибан ҳама ба забони русӣ аст, ки барои ин озмун минуси ҷиддӣ хоҳад буд", - иброз дошт Усачёв.
Блогер афзуд, ки дар воқеъ мехоҳад версияи худи суруд ва видеоро бубинад, чун дар студияи шабакаи аввал овоз хеле заиф ба гӯш мерасад.