ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Додситонии кул дар изҳороташ таъкид кардааст, ки дар ҳақиқат 7 августа соли 2020 соати 04:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Ленд крузер 200” ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Лоиқ Шералӣ ба самти кӯчаи С.Носирии шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, дар хиёбони Рӯдакӣ ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Камаз- 65115” бархӯрдааст.
"Дар натиҷа шаҳрванд Баҳроми Ғафурӣ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Анварзода Ислом ва Забиров Баҳодур бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи ҷумҳуриявии Маркази милии тиббии “Шифобахш” бистарӣ карда мешаванд", - омадааст дар иттилоия
Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ҳолати мазкур 10 августа соли 2020 бо қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи он тафтиши пешакӣ гузаронида шудааст.
"Ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст", - таъкид кардааст додситонии кулли Тоҷикистон.
Кадры с места ДТП, в котором погиб Бахром Гафури
© пресс-служба КЧС Таджикистана
Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, субҳи 7 августи соли 2020 дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Бино ба ахбори расмӣ, сари чанбари мошине, ки овозхон низ аз мусофиронаш буд, Ислом Анварзода, он замон муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ нишаста буд.
Ба қавли табибон, мавсуф дар пайи ин садама аз дасти рости худ маҳрум шуда, аз ноҳияи пойи росташ ҷароҳати вазнин бардошт ва нахуст дар шифохонаи Қарияи Боло, сипас шифохонаи “Мадади Акбар” ҳудуди як моҳ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.
Нафари сеюм Баҳодур Зарипов, яке аз рафиқони Ислом Анварзода, ки дар мошин ҳузур дошт, низ ҷароҳат бардошта, аз шифохона рухсат шудааст. Наздикони Баҳром Ғафурӣ изҳор медоранд, ки алайҳи Анварзода даъвое надоранд.