Се маҳбуси қирғиз дар СИЗО - 1 даҳони худро дӯхтанд

Маҳбусон барои ибрози норизогии худ аз таъйин шудани сардори нави боздоштгоҳи муваққатӣ, ба ин кор даст заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Дар боздоштгоҳи муваққатии рақами № 1 дар шаҳри Бишкек се маҳбус даҳони худро дӯхтанд, хабар медиҳад 24 kg.
Ба иттилои манбаъ, ин се нафар аз таъйин шудани сардори нави боздоштгоҳи муваққатӣ норизо буданд ва барои изҳор доштани муқобилияти худ, ба ин кор даст заданд.
Отамбоев мариз аст: ин дафъа низ мурофиаи ӯ ба таъхир афтод
Роҳбари СИЗО - 1 дар шаҳри Бишкек Марса Юсупбеков буд, ки барои нақзи қонун ба муддати чор сол равонаи зиндон шуда буд.
Аммо ӯ бар ивази дар кунҷи зиндон нишастан, боз ба сари вазифа омад, ки аксари маҳбусон аз ин чунин ранг гирифтани кор шадидан нигарон ва норизо ҳастанд.
Қаблан Марса барои сӯйистифода намудан аз вазифа муттаҳам дониста шуд, вале баъдтар Суди Олӣ ҳамаи қарорҳоро бекор кард ва парвандаи ӯро ба мурофиаи нав фиристод.
Ба ҳамин минвол, Юсупбеков дар ҳар се ҳолат бегуноҳ дониста шуд ва дигарбора сари вазифааш баргашт.