Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълон шуд

Қазоқистон панҷумин кишварест, ки пас аз як соли қатъ гардидани парвозҳои мунтазам дар иртибот ба хуруҷи маризии коронавирус равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Сар аз 14 марти соли ҷорӣ парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳандозӣ мегарданд, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ба иттилои роҳбари агентӣ, Икром Субҳонзода, рӯзи 14 март ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон "Air Astana"дар  хатсайри Душанбе –Алмаато  парвоз анҷом медиҳад.
Русия хатсайри нави мустақим ба Тоҷикистонро боз мекунад
Ҳамзамон 17 март ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Алмаато ба парвозҳои мунтазами ҳавоӣ шурӯъ мекунад.
Ҳамин тариқ Қазоқистон панҷумин кишварест, ки баъд аз як соли қатъ гардидани парвозҳои  мунтазами ҳавоӣ дар иртибот ба хуруҷи бемории Covid-19 ва эълон гардидани пандемия парвозҳои мунтазами байналмилалиро бо Тоҷикистон барқарор намуд.
Қаблан Тоҷикистон бо кишварҳои Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро барқарор намуда буд.
Қаблан, ба ширкати ҳавопаймоии русии "Уралские авиалинии" иҷозат дода шуд, ки ҳафтае се маротиба аз Перм ба Тоҷикистон парвозҳои иловагӣ анҷом диҳад.
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Аз ин пештар, парвозҳо ба Тоҷикистон аз Ростови лаби Дон кушода шуда буд. Парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа анҷом дода мешаванд ва санаи пешакии барқарор кардани парвозҳо 29 март гуфта мешавад.