ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Як таҳқиқеро, ки Sputnik Тоҷикистон дар пайи пахши хабару гузоришҳои расмиву ғайрирасмӣ, нигарониҳои низомиён ва тапу талошҳои мақомоти амниятии кишварҳои ду тарафи Ому анҷом дод, манзараи ҳавлангезеро аз таҷаммӯъи гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон пардабардорӣ мекунад.
Моҳи январи соли равон Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, зимни як сафар ба Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар қаламрави кишвараш ҳудуди 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ - фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), "Ансоруллоҳ" (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ- фаъолияташ дар Тоҷикистону мамнуъ) ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) фаъолият мекунанд, ки ҳадафашон кашидани ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ (Чин) аст.
“Афроди ин гурӯҳҳо асосан дар вилоятҳои шимолии Афғонистон мустақар шудаанд”, - афзуд ӯ.
25 феврал Анатолий Сидоров, раиси Ситоди кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) зимни як видеоконфронс ҳангоми таҳлили вазъу чолишҳои амниятии Осиёи Марказӣ таҳдиди гуруҳҳои тундгаро ва террористӣ дар қаламрави Афғонистонро ҳамоно нигаронкунанда хонда, теъдоди гуруҳҳои “хуфта” дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистонро 15 ҳазор нафар ҳисоб дода буд.
Изҳороти ҷолибе 19 феврал аз забони маршал Абдурашид Дӯстум, яке аз чеҳраҳои барҷастаи низомии Афғонистон, дар ҷашни 580 – солагии Алишер Навоӣ ва 538-солагии Заҳириддини Бобур дар шаҳри Шибирғон садо дод, ки гуфт, Насриддин, набераи Усома бин Лодин (асосгузори Ал-қоида - фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), Сайфуддин, писари Сироҷуддин Ҳаққонӣ (асосгузори “Шабакаи Ҳаққонӣ”), Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳир Юлдош (асосгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон - фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) дар вулусволии Ғӯрмочи вилояти Форёб ва Боло Мурғоби вилояти Бодғис ҳузур доранд.
Мақомоти расмӣ ба мушаххасот намераванд. Ба ҷуз изҳорот, санади мувассақе ба даст намедиҳанд. Sputnik Тоҷикистон дар пайи як таҳқиқ муваффақ шуд, тафсилот ва иттилои бештареро аз ин таҳаввулот ва ҷуғрофиёи будубоши гуруҳҳои террористӣ ба даст орад.
Бибӣ Мукаррама - чеҳраи истисноии терроризм
Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳир Юлдошро расонаҳо аз қавли маршал Дӯстум ним сол аст, ки аз ин гӯша ба гӯшаи дигари Афғонистон ҳаракат медиҳанд. Моҳи октябр мавсуф эълон дошта буд, ки Мукаррамахон гуруҳҳои террористиро дар вилояти Бадахшон, шимолу шарқи Афғонистон роҳбарӣ мекунад.
Зоҳиран, изҳороти маршал барои ҷомиаи шабурӯз вомонда дар буҳрони ноамнии Афғонистон чандон ҷозибае надошт, ҳарчанд ки хеле дорад. Зуҳури як зан дар қатори раҳбарони “интернатсионали террористӣ”, бахусус Толибон, ки аслан ҷойгоҳе барои ҷинси латиф қоил нестанд, хеле машкуку мармуз аст ва ба ин барҷастагӣ бори аввал иттифоқ меафтад.
Маълум нест, ки Бибӣ Мукаррама бар пояи кадом далоили шаръӣ раҳбарии як ҳаракатро камоӣ кардааст, ҳарчанд ҷойгузини бародараш Азиз Юлдош шудани ӯ мантиқист. Азиз 11 ноябри соли гузашта дар як амалиёт дар Ғӯрмоч аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуда буд.
Иброҳим Ғафурӣ, як огоҳи маҳаллӣ, ки фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистонро пайгирӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афроде, ки Бибӣ Мукаррамаро дидаанд, мегӯянд, вай як зани тақрибан 30 – сола, аз ҳамсари тоҷики Тоҳир Юлдош аст ва аз сӯи як гурӯҳи вижаи ҷангиён муҳофизат мешавад.
“Суол ин ҷост, ки чаро раҳбарии ҲИӮ (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) на ба Умар, писари Ҷумъа Намангонӣ (фармондеҳ ва дар баробари Тоҳир Юлдош асосгузори ҲИӮ- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ё Ҳикмат (маълум нест, ки писар ё набераи Тоҳир Юлдош аст ё писари Азиз Юлдош), балки маҳз ӯ - як зан расидааст? Сарнавишти Умар номаълум аст. Бино ба иттилои расмӣ, Ҳикмат ҳангоми ҳамла ба Азиз Юлдош захмӣ шуда буд. Аммо ин гузориши ғайрирасмӣ низ вуҷуд дорад, ки як моҳи қабл писари Тоҳир ё Азиз Юлдош дар минтақаи Чилгазии вулусволии Қайсор гӯё дар ҳамлаи чархболи давлатӣ, аммо дар асл аз сӯи худи Толибон барои пул кушта шудааст. Эҳтимолан, далели омадани Бибӣ Мукаррама ба Ғӯрмоч ҳамин бошад. Аз сӯи дигар, эҳтимоли ба раҳбарии ҲИӮ интихоб шуданаш низ вуҷуд дорад, чун он ҳар ду нестанд”, - гуфт Иброҳим Ғафурӣ.
Як ҳамсӯҳбати дигари мо аз Шӯрои вилоятии Форёб мегӯяд, Азиз Юлдош “халтаи пул”-и Толибону ҲИӮ (- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), Ал-қоида, Толибон ва дигар “бренд” – ҳои тиҷорати терроризм ва ҳам нафари мавриди эътимоди пуштибонони хориҷии онҳо аз олами арабу дигар истихбороти ҷаҳонӣ буд.
“Пул ба дигар созмонҳо маҳз тариқи чунин ашхос интиқол меёбад, зеро онҳо пулро бо ҳадаф истифода мекунанд. Барои аксари толибони маҳаллӣ ҷанг тиҷорат ё манбаъи даромад аст. Аз ин хотир, пул мустақим ба дасти онҳо намеравад. Хонаводаи Юлдош хориҷӣ, ботаҷриба ва шинохташудаанд. Зуҳури Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳири Юлдош, бештар буъди молиявӣ дорад, то иҷтимоӣ, яъне таърифи Толибон аз зан. Истихбороти ҷаҳонӣ аз ин роҳ таҳти чатри Толибон ҷангиёни хориҷиро нигоҳ медоранд”, - гуфт ӯ.
Меоянду мераванд
Ин ки Бибӣ Мукаррама чӣ вақт худро аз Бадахшон, як гӯшаи дурдасти кӯҳистонии Афғонистон ба гӯшаи дигараш – Форёбу Бодғис расондааст, қиссаро ҷолибтар мекунад. Як масъули амниятии вулусволии Ғӯрмочи вилояти Форёб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тақрибан ду моҳ пеш манобеъи истихборотӣ хабар доданд, ки як гурӯҳе мусаллаҳ аз хориҷ вориди вулусволӣ шудааст.
“Аввал, мо таваҷҷӯҳ накардем, ки инҳо киҳоянд. Баъд, хабар ёфтем, ки аз афроди муҳими гуруҳҳои террористӣ будаанд ва тариқи кӯҳистоноти Сарипулу Самангон вориди вилояти мо шудаанд. Бо он ҳам шахсияти онҳоҳоро намешуд дақиқ кард, зеро вулусволӣ комилан дар ихтиёри Толибон (- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) аст”, - гуфт ӯ.
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, манобеъи давлатӣ дар бораи ҳузури пайвандони бин Лодан, писари Ҳаққонӣ ва духтари Тоҳир Юлдош маълумоти мувассақ надоранд, аммо ин хабар сиҳат дорад, ки як моҳ қабл Зубайр, хоҳарзодаи Усома бин Лодан дар Ҷари Сиёҳ, минтақае миёни вулусволиҳои Ғӯрмоч ва Қайсори Форёб пайдо шуда, бо раҳбарони Толибон ва дигар гуруҳҳои хориҷӣ ҷаласа ва ба зудӣ соҳаро тарк кардааст.
“Бино ба иттилои манобеъи мо, ӯ ба сӯи Ҳирот рафтааст. Киҳо инҳоро мебиёранду мебаранд, маълум нест”, - гуфт ӯ.
Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон, ки бори ҷанг алайҳи гуруҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимол – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро мекашад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маршал Дӯстум бедалел намегӯяд, зеро ӯ манобеъи қавии истихборотӣ дорад.
“Мо дар ин бора маълумоти дақиқ надорем ва ин ахборро таъйид ё такзиб намекунем. Аммо иттилоъи дақиқ дорем, ки дар Ғӯрмочу Боло Мурғоб ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), “Ансоруллоҳ” – и (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) Тоҷикистон, қафқозиҳову чиниҳо ҳузур доранд. Теъдодашон ҳам ба як ҳазор нафар наздик аст”, - гуфт Ҳаниф Ризоӣ.
Омили пашту
Ҷангиёни хориҷии гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон умдатан дар вилоятҳои бо Осиёи Марказӣ ҳаммарзи Афғонистон – Форёбу Бодғис ва Бадахшон ба таври муташаккил ва дар Қундузу Таҳор ба гунаи пароканда, аммо ҳама ҷо таҳти ҳимояти Толибон фаъолият мекунанд.
Иброҳим Ғафурӣ мегӯяд, террористони хориҷӣ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон умдатан дар, ба истилоҳ, “ҷазираҳои пашту” – манотиқи паштуннишин паноҳгоҳи амн ёфтаанд.
“Роҳбарони паштуни Афғонистон аз замони Абдураҳмонхон то ба имрӯз паштунҳоро ба ин манотиқ бо ҳадафи тақвияти ҳокимияти худ меоранд, то туркман ба Туркманистон, ӯзбек ба Ӯзбекистон ва тоҷик ба Тоҷикистон майл накунад. Ҳоло аксарияти паштунҳо ҳамкори Толибон ва мухолифи ҳукуматанд. Онҳо маҳз Толибонро рамзи қудрати паштунҳо медонанд, на раҳбарони аз Ғарб омадаи имрӯзро”, - гуфт ин коршинос.
Ғӯрмоч ва Боло Мурғоб, вулусволиҳои ҳаммарз бо Туркманистон, аксаран паштуннишинанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар Ғӯрмоч 90% - и аҳолӣ паштун, 10% - и дигар тоҷику арабанд ва 70% -и саканаи Боло Мурғоб низ паштунҳо буда, 30% - и дигар тоҷику туркман мебошанд.
Як ҳамсӯҳбати мо аз Шӯрои вилоятии Форёб мегӯяд, омили пашту барои тарҳрезии амалиёти низомӣ дар ин манотиқ мушкил меофаринад.
“Масалан, дар гузашта ҳукумат тавонист ҷангҷӯёни хориҷиро аз вилоятҳои Сарипулу Ҷузҷон ронад, чун мардум иттилои мувассақ медод. Дар Ғӯрмочу Боло Мурғоб ин кор имкон надорад, зеро ҷангиён аксар аз мардуми маҳалланд”, - гуфт ӯ.
Ҷо-ҷо, ҳама ҷо
Омили пашту дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон низ нақш мебозад, ба истиснои Бадахшон. Теъдоди қобили мулоҳизаи ҷангиёни хориҷӣ дар вилоятҳои Кундузу Тахор дар манотиқи паштуннишин, ҳамоно таҳти замонати Толибон паноҳ бурдаанд.
Ҳодӣ Ҷамол, сухангӯи Корпуси 217 – и "Помир", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон, ки дар чор вилояти шимолу шарқ – Кундуз, Бағлон, Тахор ва Бадахшонро ба зимма дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Толибон дар саросари вилоятҳои марзӣ ҳузур доранд.
“Дар ин маврид, ки кадом ҷангиёни хориҷӣ дар миёни онҳо ҳастанду бо мо меҷанганд, иттилои дақиқ надорем. Барои мо онҳо ҳама душмани Афғонистонанд ва бояд нобуд шаванд”, - гуфт Ҳодӣ Ҷамол.
Дар ҳамин ҳол, Нуруллоҳ Убайдӣ, коршиноси маҳаллӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳузури ҷангиёни хориҷӣ дар ин ду вилоят он гуна, ки дар Форёбу Бодғис аст, муассир нест, аммо гузоришҳои мувассақ вуҷуд доранд, ки аъзои ҲИӮ, ҲИТШ, “Ансоруллоҳ” – у (фаъолияташон дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ба истилоҳ, толибони қафқозиву олмонӣ ва ғайра дар канори Толибон меҷанганд ва аксари онҳое, ки бо омода кардани минаву таъмири мошинҳои ҷангӣ машғуланд, шаҳрвандони хориҷиянд.
Заключенные талибы во время их освобождения из тюрьмы Баграм, Афганистан
© AFP 2023 / Wakil Kohsar
“Вулуволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон амалан таҳти султаи Толибонанд. Дар ин манотиқ онҳоро толибони тоҷику ӯзбек, онҳое, ки аз ҳукумат розӣ нестанд ва дар тиҷоратҳои маводи мухаддир даст доранд, низ ҳамкорӣ мекунанд. Дар Кундуз таҷаммӯъи Толибон ва ҷангиёни хориҷӣ бештар дар манотиқи паштуннишини вулусволии Имом Соҳиб дида мешавад. Ин вулусволӣ 70% таҳти султаи онҳост”, - гуфт Нуруллоҳ Убайдӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, аҳолии вулусволии Имом Соҳиб 25% паштун, 25% тоҷик, 45% ӯзбек ва 5% туркман мебошанд. Дар бақия вулусволиҳои марзӣ - Дашти Арчӣ, Қалъаи Зол дар Кундуз, Ишкамиш, Баҳорак, Хоҷа Ғор, Дашти Қалъа, Бангӣ дар Тахор, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Толибон бештарин нуфузро доранд.
“Ҷазираи Толибон”
Дар ин қисса ҳарфи Дарқад ҷудост. Ин вулусволӣ дар замони муқовимат зидди Толибон ва Ал-қойида(1996 – 2001) (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ҳамеша таҳти тасарруфи Ҷабҳаи Муттаҳиди Аҳмадшоҳи Масъуд буд, аммо даҳ сол ба ин сӯ миёни Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон даст ба даст мешавад ва ҳоло сад дар сад таҳти султаи аввалиҳо аст. Ба қавли огаҳони аҳвол, 90 дарсади аҳолии он паштунҳо ва бақия тоҷику ӯзбеканд.
Аз сӯи дигар, Дарқад ҷангалоти зебо дорад ва яке аз се парки миллии Афғонистон дар он ҷойгир аст, аммо танҳо вулусволиест, ки бо бақияи кишвар роҳи заминӣ, ҳатто пул надорад. Ин мавқеияти ҷуғрофӣ Дарқадро ба як минтақаи хос, ба истилоҳ, “ҷазираи Толибон” табдил додааст ва кор ба ин ҷо кашид, ки як замон дар ин ҷо ҳатто байрақи ДОИШ (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) баланд шуд.
Нуруллоҳ Убайдӣ мегӯяд, нерӯҳои давлатии Афғонистон чанд бор ин вулусволиро аз Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) озод сохтанд, аммо ба далели маҳрум будан аз ҳимояти мардум, ки аксаран бо Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ҳамкоранд, балки худ толибанд, онро нигоҳ дошта натавонистанд.
“Ин вулусволӣ пойгоҳи хеле қавии гуруҳҳои террористии хориҷӣ ва ҳам қочоқбарони маводи мухаддир аст. Вақте ҳукумат ба вулусволӣ ҳуҷум мекунад, ин нерӯҳо бо иттифоқи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) миёни мардуми маҳал ва ба ҷазираҳои бидуни назорати миёни Тоҷикистону Афғонистон дар дарёи Ому паноҳ бурда, дубора ба вулусволӣ ҳамла меоранд. Онҳоро як дарёчаи хурд аз Тоҷикистон ҷудо мекунад”, - гуфт Нуруллоҳ Убайдӣ.
Толибонизми тоҷикӣ
"Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) дар замони ҳукумати худ (1996-2001) натавониста буданд ҳатто як қадам ба Бадахшон пеш раванд, аммо ҳоло ин вилояти кӯҳистонии Афғонистон ба як пойгоҳи бузурги Толибон ва созмонҳои террористӣ – шуруъ аз Ал-қоидаву ҲИӮ ва “Ансоруллоҳ” то ДОИШ (фаъолияташон дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) табдил ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ, созмонҳои террористиву ифротӣ дар 23 аз 28 вулусволии ин вилоят ҳузур доранд.
Хазиши бесобиқаи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ва террористони хориҷӣ ба Дарвозҳои Бадахшон, ки моҳи ноябр шоҳиди яке аз саҳнаҳои хунбортарини рӯзҳои мо – қатли бераҳмонаи 25 пулиси таслимшудаи вулусволии Моймай аз сӯи “толибони тоҷикистонӣ” шуд, мисоли барҷастаи ҳузури терроризми байнулмилалӣ дар марзҳои Осиёи Марказӣ аст.
Дар Дарвозҳо - номи таърихии панҷ вулусволии Бадахшон – Нусай, Шикай, Хоҳон, Моймай ва Куфоб – аз замони зуҳури Толибон (1996) (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) то тобистони соли 2020 ҳеҷ асаре аз Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ё террористони хориҷӣ набуд. Мардуми ин минтақа сар ба сар тоҷиканд.
Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусай, ки бо Дарвози Тоҷикистон ҳаммарз аст, мегӯяд, дар Дарвозҳо аввал мубаллиғони созмонҳои террористӣ аз Покистон ворид шуда, муваффақ шуданд мардуми маҳаллиро ҷамъ оранд.
“Террористони хориҷӣ, ки асосан тоҷикистонианд, низ аз дигар вулусволиҳо омада, ба онҳо пайвастанд. Ин нерӯҳо қудрати суқути Нусайро надоранд, вале аз пуштибонии дохиливу хориҷӣ бархӯрдоранд ва имкони афзудани теъдоди онҳо низ ҳаст”, - гуфт Абдуғаффори Гардиш.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро Бадахшон, пойгоҳи як замон қавиии зиддитолибониву зиддитеррористӣ ба пойгоҳи қавии Толибону терроризм табдил ёфт? Чаро тоҷикони ин вилоят толибонизмро, ки бештар хоси паштунҳост, пазируфтанд?
Назари Корпуси 217 – и “Помир” ин аст, ки як далели густариши ин нерӯҳо ҷуғрофиёи бузург ва кӯҳистоноти саъбулубур - паноҳгоҳи табиии амн барои террористон аст. Ин вазъ дасти нерӯҳои давлатро барои анҷоми амалиёти низомӣ кӯтаҳ ва ҳукумат аслан бо таҳти контрол доштани марказҳои маъмурӣ иктифо мекунад.
Ризо Ҳабибзода, огоҳи маҳаллӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тарҳи, ба истилоҳ, ба Вазиристони Шимолӣ табдил додани шимоли Афғонистон, бидуни мусоидати доираҳое дар ҳукумати расмӣ ва пуштибононашон, ки аз соли 2010, замони зуҳури аввалин толибон дар Карону Мунҷон то ба ҳол бо баҳонаҳое дасти гуруҳҳоро боз гузоштаанд, анҷом нашудааст.
“Аз як сӯ, ин морҳоро ганҷҳои Бадахшон – лоҷуварду дигар сангҳои қиматбаҳо ба майдон овард, ки даромадҳояшон дар дасти фармондеҳони соҳиби қудрати давлатӣ буд. Онҳое ҳам ба Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) пайвастанд, ки худ ё наздиконашон аз вазифа маҳрум шуданд ва ҳоло мехоҳанд дар пайи раванди сулҳ дигарбора ба вазифа расанд. Ба бархе ҳукумат замин надод ва онҳо даст ба силоҳ бурданд. Террористони хориҷӣ таҳти пӯшиши маҳаллии ин гуруҳҳо ва дастҳое аз хориҷ барои хатарсозӣ алайҳи Осиёи Марказӣ ва Чину Русия низ оварда шуданд. Ҳамин тавр, авомили дохиливу хориҷӣ даст ба дасти ҳам доданд ва Бадахшон табдил ёфт ба як пойгоҳи бузурги терроризм”, - гуфт Ризо Ҳабибзода.
Зимнан, дар ҳукумати Толибон (1996-2001) (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) танҳо вазири ғайрипаштун Мавлавӣ Динмуҳаммад, зодаи Бадахшон буд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло фармондеҳии Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) дар тамоми Шимоли Афғонистонро ба зимма дорад.
Охируламр куҷо?
Таҳқиқи Sputnik Тоҷикистон ба чанд натиҷаи малмус, аммо ҳавлангез мерасонад.
Аввал, гурӯҳҳои террористии хориҷӣ таҳти чатри ҳимоявии Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) аз ҷанубу маркази Афғонистон бештар дар вулусволиҳои марзӣ бо Осиёи Марказӣ кӯч мекунанд. Онҳо на фақат худ меоянд, балки аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ба ин манотиқ фирор дода мешаванд. Нерӯҳои ҳукуматӣ асосан бар авзои марокизи маъмурии шаҳру вилоят тасаллут доранд.
Агар ҲИӮ, Ал-қоида, “Ансоруллоҳ” (фаъолияташон дар Тоҷикистону Русия мамнуъ)ва дигар созмонҳо дар гузашта дар вулусволиҳои Сайёду Кӯҳистоноти вилояти Сарипул ва Дарзоби вилояти Ҷузҷон қароргоҳ доштанд, ҳоло дар Ғӯрмочи Форёбу Боло Мурғоби Бодғис, марзи Афғонистону Туркманистон пойгоҳ сохтаанд.
Пайдо шудани “Шабакаи Ҳаққонӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) дар ин манотиқ як паёми нохушоянде барои минтақа аст, зеро ин шабакаи террористӣ маъмулан дар марзҳои Афғонистону Покистон фаъолият мекунад.
Дар марзи тӯлонитарин – 1400 – километраи Тоҷикистону Афғонистон – гуруҳҳои террористӣ бештар дар вулусволии Имом Соҳиби Кундуз ва Дарқади Тахор истиқрор пайдо кардаанд, ки қаблан дар вулусволиҳои дур аз марзи ин вилоёт – Алиобод, Чаҳордара, Хонобод, Чол ва ғайра пойгоҳ доштанд.
Дар Бадахшон агар дар гузашта дар вулусволиҳои марказиву ҷанубии Ҷурму Вардуҷ, Баҳорак ва Карону Мунҷон фаъол буданд, ҳоло дар Дарвозҳо лангари сиёҳ андохтаанд. ДОИШ (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) бо як теъдоди ками ҷангиёнаш фақат дар Бадахшон ҳузур дорад. Пойгоҳҳои аслиаш ҳамоно дар Нангарҳору Кунар, вилоятҳои ҷанубии Афғонистон мустақаранд.
Ин таҳаввулот то ҷое ба нигарониҳои мақомоти Осиёи Марказӣ ва ин сӯи Ому рӯшанӣ меандозад, бахусус СПАД, ки соли равон қарор аст дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ҳадди ақал се размоиши бузурги кишварҳои узвашро баргузор кунад.
Дуввум, аксарияти кулли афроде, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, ҳатто низомиён аз мо хоҳиш карданд, ки ба “далоили амниятӣ” номашонро зикр накунем ё тағйир диҳем, зеро “вазъ вахим аст”. Инро ҳам як далели афзоиши нуфузу воҳимаи террористон дар шимоли Афғонистон метавон шумурд.
Сеюм, ҳама ба ин боваранд, ки раванди сулҳи Афғонистон ба ин суол посух хоҳад дод, ки ниҳоят терроризми байнулмилалӣ ба сӯи Осиёи Марказӣ хез хоҳад бардошт ё дар ҳамон лонаи худ – Афғонистон дигарбора гирифтор хоҳад монд.