ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Давлат Худоназаров дар суҳбат бо "Комсомолская правда" гуфтааст, ки дар бораи роҳёбии Манижа ба Евровидение як рӯз пас аз ғолибияташ огоҳ шуд ва ҳамчун як тоҷик аз ин зиёд хушҳол аст.
"Ман ҳамчун як тоҷик аз ин ифтихор мекунам. Аммо сурудҳои ӯро нашунидаам. Ҳамчун шаҳрванди Русия ифтихор мекунам, ки ҳамватани ман аз ҷониби русҳо эътироф шудааст",- гуфтааст коргардон.
Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки одатан, ба чунин озмунҳо шавқ надорад, аммо ҳоло ба Манижа мухлисӣ хоҳад кард.
Ба гуфти ӯ ҳама тоҷикон тамошову ҷонибдорӣ мекунанд.
Қаблан продюссери шинохта Табриз Шаҳидӣ ва фарзанди оҳангсози машҳур Толиб Шаҳидӣ низ бо истиқбол аз Манижа гуфта буд, ифтихор мекунад, ки Русияро ҳамватанаш намояндагӣ мекунад.
Ӯ гуфтааст, Манижа кайҳост сазовори ба сатҳи нав баромадан аст ва мутмаин аст, ки пас аз иштироки Манижа дар Евровидение-2021, новобаста аз он ки вай дар ин озмун чӣ гуна ҷойро ишғол мекунад, ҳаққи пардохти консертҳои ӯ ҳатман афзоиш хоҳад ёфт.
Номбурда гуфтааст, ки баҳо додан ҳатто ба имкониятҳои пешакии ғалабаи эҳтимолии ҳунарманд беҳуда аст ва ин аслан лозим нест.
Ёдовар мешавем, ки Манижа дар даври интихоби миллии Eurovision-2021 ғолиб омад. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманди зодаи Тоҷикистон ду номзади дигар - дуэти "2Маши" ва гурӯҳи Терр Мейтзро аз майдон "берун" кард.
Овозхон дар озмуни байналмилалӣ дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.