Манижа Сангин сарояндаи тоҷики муқими Русия меҳмони барномаи машҳури шабакаи аввал - "Вечерний Ургант" гардид.
Нахустин хабари хушҳолкунанда, ки сароянда ба Ургант нақл кард, ин буд, ки мардум ҳамакнун талаффузи дурусти исми ӯро омӯхтанд.
Иван Ургант дар давбати худ гуфт, дер боз фикр мекард, ки Манижа бояд дар Евровидение баромад кунад.
Ҳамчунин Манижа дар ин барнома нақл кард, чӣ гуна суруди "Зани рус", ки ҳамакнун ӯ ба Ротердам мебарад, эҷод шуд.
Маълум шуд, ки матни тарона соле қабл зимни сафари ҳунарии сароянда дар Тел-Авив дар давоми як шабонарӯз таълиф шудааст.
Зимнан Манижа қайд кард, ки озмунҳоро бад мебинад ва ровии барномаи Иван Ургант кинояомез гуфт, "ин муносибати хубест" барои ширкат дар Евровидение.