Ҳавосанҷони тоҷик якбора паст рафтани ҳароратро пешгӯӣ мекунанд

Ҳавосанҷони тоҷик боришоти шадидро дар шакли борон бо гузаштан ба барфи тар ва якбора паст рафтани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои тобеи марказ (НТҶ), вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд эҳтимолияти ба амал омадани боришоти бошиддат дар назар аст.
Ҳалокати се нафар зери тарма дар ноҳияи Айнӣ ва ҳушдори КҲФ
Дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз 13 то 14 март боришоти шадид дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар аксари минтақаҳои водиҳо ва доманакӯҳҳою кӯҳҳо рӯзи 14 март борон ба барф табдил ёбанд.
Ба истиснои ВМКБ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифта то 20-25м/с мевазад.
Зимнан, 14 март дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-15  дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзи 14 март, дар аксари минтақаҳои водии доманакӯҳи ҷумҳурӣ бо якбора паст рафтани ҳарорат эҳтимолияти хароб шудан ва қисман нобуд шудани растаниҳои кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда вуҷуд дорад.
Аз 11 то 15 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дар ғарби ВМКБ тармафароӣ имконпазир аст.
Ҳушдори КҲФ аз бориши борони шадид ва барфи тар дар Тоҷикистон
Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари селфароӣ мумкин аст.