ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, тарма дар назди корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин "Кооператсия 19" фаромадааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа се корманди корхона, як сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокинони 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав зери барф чон додаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҷасадҳо аз зери тарма бароварда шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.
Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар қаламрави кӯҳистонии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма ва сангрезаҳо боқӣ мондааст, вазъи пуршиддат дар роҳҳои кишвар боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар километри 550-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва 31 километри роҳи Хоруғ-Ишкошим низ тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хостаст, ки аз сафар ба ҷойҳои хатари тармафароидошта худдорӣ кунанд.
Қаблан ин ниҳод ҳушдор дода буд, ки бо сабаби гармшавии ҳаво ва боришот хатари фаромадани тарма ва дар баъзе минтақаҳо обхезиву сел то 15 март боқӣ мемонад.