ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи CASA-1000 нақша дорад, ки беш аз 75 миллиард кВт / соат нерӯи барқ фурӯшад.
"Тағйироте, ки қаблан дар лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ҷорӣ карда шуд, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Афғонистонро афзоиш диҳад", хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба як манбаъ дар бахши энержии кишвар.
Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳа, сохтмони қаблан пешбинишудаи як зеристгоҳи конвертерӣ дар Кобул иҷро намешавад. Пойгоҳ мебоист дар хати барқ аз Сангтӯда то Пешовар (Покистон) пайваст бошад.
Ҳамин тариқ, Покистон нерӯи барқи Тоҷикистонро мустақиман мегирад ва ба ҷои 1000 МВт, ки қаблан эълон шуда буд, 1300 МВт нерӯи барқ хоҳад гирифт.
Тибқи лоиҳаи CASA-1000, воридоти нерӯи барқ ба мӯҳлати 15 сол ҳисоб карда мешавад. Аллакай созишномаҳои дахлдор бо кишварҳои ҳамсоя имзо карда шудаанд.
Дар ин давра, баргардонидани сармоя ва ба даст овардани фоида ба нақша гирифта шудааст. Арзиши барқ, ки дар ин давра дода мешавад, низ муайян карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ мекунад.
Кишварҳои ширкаткунандаи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.
Арзиши умумии лоиҳа беш аз як миллиард долларро ташкил медиҳад. Хароҷотро Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон байни худ тақсим карданд.