Дар Душанбе барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд

Дар Душанбе шаш барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муаррифӣ шуданд. Ин ҷоиза ба рӯзноманигорони арзанда дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян шуданд.
Имсол, шаш нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Рӯзи матбуоти тоҷик: сууди “давлатиҳо” ва суқути “ғайридавлатиҳо”
Бино ба гузориши манбаъ, дар бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри  Валӣ аз радиои "Имрӯз", дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони "Тоҷикистон" тақдим гардид.
Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз  ҳафтаномаи "Омӯзгор", Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи "Мароми пойтахт", Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи "Шаҳриёр"-и шаҳри Ваҳдат ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  44 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст.
Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода: Иттифоқи рӯзноманигорон солҳои охир фаъол гардид
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.
Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба барандагони Ҷоизаи Иттифоки журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ  ва мукофотпулӣ супорида мешавад.