Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири қирғиз марзу ҳамкориҳоро баррасӣ карду ӯро ба Душанбе хонд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев зимни як гуфтугӯи телефонӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи марзиро баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни сӯҳбат сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карданд.
Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад
Бо дарназардошти чорабиниҳои дарпешистодаи имсол, ҷонибҳо оид ба ташкили чорабиниҳо дар сатҳҳои олӣ, аз ҷумла дар доираи мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нишастҳои СААД ва СҲШ мубодилаи афкор карданд.
Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қирғизашро барои иштирок дар Конфронси IX вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”, ки қарор аст 30 марти соли 2021 дар Душанбе доир шавад, ба Тоҷикистон даъват кард.
Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳанд
Зимни суҳбат ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ диққати махсус дода шуд.
Вазирон аҳамияти истифодаи пурраи иқтидори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва инчунин иҷрои ӯҳдадориҳои қаблан ба зимма гирифтаи тарафҳоро таъкид карданд, ки ҳалли фаврии масъалаҳои марзиро таъмин мекунад.
Чаро раиси нави Бодканд ба Аҳмадзода занг зад
Роҳбарони идораҳои корҳои хориҷӣ инчунин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ карданд.
Дар ин робита, вазири тоҷик зарурати истифодаи имкониятҳои васеи транзитии ҷонибҳо, аз ҷумла додани мақоми байналмилалиро ба гузаргоҳи Карамиқ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон қайд кард.
Аҳмадзода: оини ҳамсоядориро нигоҳ медорем, як ваҷаб заминро ноҳақ ба касе намедиҳем
Бо мақсади боз ҳам густариш ва амиқ кардани муносибатҳои дуҷониба пешниҳод карда шуд, ки масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо, инчунин гузаронидани машваратҳо дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2021 пешниҳод карда шавад.