ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, роҳбари маркази хизматрасонии бонкии "Сомгор" (филиали бонки "Арванд") дар шаҳри Хуҷанд ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кардааст.
Ин мард гуфтааст, ки шоми 6 марти соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази хизматрасонии бонкӣ воқеъ дар деҳаи Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ворид шуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи "НР", 1-адад таҷҳизоти пулҳисобкунак, 1-адад чойники электрикӣ, 1-адад суратгираки тамғаи "Сонӣ" ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Нокиа"-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 4 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоил, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд",- афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.