ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Раиси тоза мансубшудаи вилояти Бодканд Омурбек Субҳоналиев бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Тавре "Парс тудей" менависад, Субҳоналиев ҳамчунин бо раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сӯҳбат кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ дар тамоси телефонӣ бо руасои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон авзо дар марзҳои муштараки ин се кишвари ҳамсояро баррасӣ кард.
"Омурбек Субҳоналиев дар тамоси телефонӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Хайруллоҳ Бозоров раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар бораи зарурати ҳифзи оромиш ва амният дар манотиқи марзӣ баҳсу табодули назар кард.", - менависад манбаъ.
Ҳамчунин мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва транзит, об ва энергетика ва бозорчаҳои муштараки марзӣ аз дигар мавзӯоти ин тамоси телефонӣ буд.
Раиси тоза мансуб шудаи вилояти Бодканд қаблан низ бар зарурати поён додани ба қочоқи сӯхт дар марз бо Тоҷикистон таъкид карда буд ва инак мақомоти Бишкек барои ҷилавгириӣ аз ин раванд ба минтақаи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардаанд, ки ин рӯйдод муҷиби афзоиши қиммат бензину гозоил дар Тоҷикистон шудааст.
Аз сӯи дигар Садир Ҷабборов раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран эълон кардааст, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломат гузории марзҳо ба Душанбе сафар хоҳад кард.