ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардидааст.
"Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки Авруосиёии Рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳавасманд аст", — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Русия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Бунёди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.
Манбаъ афзуда, ки дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ, зарур шумурда шуд.