ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, рӯзи 26 феврал дар Ню-Йорк маросими имзои баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Тринидад ва Тобаго кордори Намояндагии доимии он кишвар дар СММ Орделл Барман ба имзо расониданд.
Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго байни уқёнуси Атлантика ва баҳри Кариб ҷойгир аст.
Кишвар дар ду ҷазираи калон - Тринидад ва Тобаго ва ҷазираҳои сершумори хурд аз қабили Чакачакаре, Монос, Хуевос, Гаспар Гранде, Тобагои Литл, Ҷазираҳои Сент-Гилз ва ғайра, ҷойгир аст.