Моргентштерн - тамизкор: муҳоҷирон дар бораи мушкилияшон суруди мазҳакавӣ хонданд- видео

Дар охири соли гузашта як клипи тамизкорони (дворник) қазоқ интернетро такон дод: муҳоҷирон Моргентштерн ва Элжайро бозхонӣ карданд
Sputnik
Ҳоло ин навор дар торнамо ҳазорҳо бинанда дорад ва ҳамарӯза он меафзояд. Аммо маълум шуд, ки муҳоҷирон танҳо коргарон нестанд: тамоми лоиҳа дар Маскав тавассути сурудҳои сарояндаҳои машҳур ва тасвирҳои стереотипии хориҷиён ба навор гирифта шуда, ба бинанда мушкилотеро пешкаш мекунад, ки ҳар як навҷавон бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад.
Эҳсосоту ҳаяҷон: чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия муҳорибаҳои омехта доир мекунанд - видео
Дар паси шахсияти тамизкори оддӣ раққоса, устоди балет, донишҷӯи шӯъбаи коргардонии сирки ГИТИСа Ботурҷон Тлепбергенов истодааст.
Вай бо фиристодани видео барои санҷиш бо маслиҳати як дӯсташ тасодуфан ба лоиҳа ворид шуд. Дар натиҷа, ҷавон амалан чеҳраи муҳоҷирон дар Русия гардид.
"Агар мардуми Русия муҳоҷиронро дӯст доранд ва тамошо кунанд ва бигӯянд, ки ин хуб аст, ин маънои онро дорад, ки онҳое ҳастанд, ки бо мо муносибати хуб доранд",-гуфт коргардони эҷодӣ Кайрат Телеуов.
Мардум ба персонаж - тамизкоре, ки суруд мехонад, таваҷҷӯҳ доранд, бинобар ин онҳо тасмим гирифтанд, ки лоиҳаро идома диҳанд, гуфт Ботурҷон.
Дар навори навбатӣ ҳунармандон дар бораи шароити зиндагии муҳоҷирон дар манзилҳои иҷора сӯҳбат мекунанд.
Ҳунарманд эътироф кард, ки мавзӯи муҳоҷирон ба ӯ хеле наздик аст, чун худаш ҳамин тавр зиндагию кор мекард.