Мақомдори ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ иддаои истиқлол кард

Дар ҳоле, ки пеш аз ин раисиҷумҳурии Озарбойҷон эълом карда буд, ки парвандаи ҷумҳурии худхонда баста шудааст, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, истиқлоли ин минтақаро мавзеи қатъӣ ва тамомшуда донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik.  Довит Бобоён, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ хитоб ба Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон гуфт: Боку бояд аз дархости сарзаминҳои таҳти контроли ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ парҳез кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши Арман радио.
Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад
Бобоён бо ишора ба изҳороти Илҳом Алиев таъкид кард, албатта парвандаи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳистонӣ баста шудааст бо ин шароит, ки ин ҷумҳурӣ ҳаргиз наметавонад бахше аз Озарбойҷон бошад.
Пеш аз ин Довит Бобоён эълом карда буд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд аз манотиқи ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ боздид кунанд, ибтидо бояд аз вазорати умури хориҷаи ин ҷумҳурӣ муҷавиз бигиранд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, ки аз суи аромана ба ҷумҳурии Ортсох шинохта мешавад, танҳо аз сӯи се кишвари ғайри узви Созмони милал ба унвони кишвари мутақил ба расмият шинохта шудааст.
Дар айни ҳол бар асоси тавофқномаи сулҳ, ки бо мушорикати Русия барои поёни ҷанг ва хунрезӣ бар сари Қарабоғ имзо шуд, сарони Боку ва Ереван тавофуқ карданд, то манотиқи ишғолшудаи қаблӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шавад.