ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар ин бора Виталий Вантсев, раиси Шӯрои директорони ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Внуково, хабар додааст, менависад ТАСС.
Номбурда гуфтааст, ки хатсайрҳои масири Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз бозорҳои калон ва сердаромаданд ва бо беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ интизори кушодани парвозҳои мунтазаманд.
"Мо интизор ҳастем, ки аз апрел-май шарикони мо - кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кушода мешаванд. Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо беҳтар аст ва дар айни замон он дар кишвари мо низ мӯътадил шуда истодааст. Аз ин рӯ, умедворем, ки ин ду бозор барои мо боз хоҳад шуд”, - гуфт Виталий Вантсев.
Ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ аз Русия, ба гуфтаи Вантсев, то август-сентябр кушода мешаванд. Имсол эҳёи комили бозори нақлиёти ҳавоиро набояд интизор дошт, "аммо мо соли ояндаро бесаброна интизорем", - афзуд ӯ. Дар ин самт сатҳи эмгузаронии аҳолӣ нақши муҳим хоҳад дошт, бовар дорад соҳибкор.
Вантсев дар посух ба савол дар бораи натиҷаҳои молиявии Внуково барои соли 2020 гуфт: "Мо соли гузаштаро бидуни фоида ба анҷом расондем, аммо бе зиён".
Мувофиқи натиҷаҳои соли гузашта, Внуково аз рӯи гардиши мусофирон севумин фурудгоҳи Федератсияи Русия мебошад. Бузургтарин пойгоҳи ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳ - "Победа" и Utair будаанд.
Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки фурудгоҳ нақша дорад, дар соли 2021 ҳадди аққал ба 14 миллион мусофир хидмат расонад.