Тоҷикистон ба Афғонистон таъсиси терминали логистикӣ дар Панҷро пешниҳод кард

Тоҷикистон ба Афғонистон дар бораи таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ пешниҳод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Имрӯз мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим сурат гирифт. 
Зокирзода гуфт, Афғонистон барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва саводои Тоҷикистон дар доираи мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар гуфтанд.
Ҳамзамон иттилоъ додаа шудааст, ки мусоҳибон дар робита ба бештар густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон тазаккур доданд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисод ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти  ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
"Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзур гардиданд", - зикр кардааст манбаъ.
Дар навбати худ, ҷониби Афғонистон омодагии худро барои беҳтар тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.