ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп зимни суханронӣ дар Конфронси сиёсии консервативӣ (Conservative Political Action Conference) моҳҳои аввали ҳукмронии Ҷо Байденро шадидан танқид кард.
Трамп гуфт, ки "Ҷо Байден як офат ва ин фалокатбортарин моҳи аввали ҳамаи президентҳо дар таърихи муосир аст".
Сиёсатмадори амрикоӣ гуфт, ки ӯ карераи худро ба поён намерасонад ва фаъолияти нави сиёсиро ба роҳ мемонад.
Инчунин, собиқ президент фурсати муносибро аз даст надода, сарвари кунунии давлатро неш мезанад ва тақаллуб дар интихоботро ба ӯ хотиррасон мекунад.
Трамп қайд кард, ки интихоботи охирин нишон дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба ислоҳоти интихоботӣ ниёз дорад.
Мушкилоти дигаре, ки дар моҳи аввал фаъолона зоҳир шуд, ба гуфтаи Трамп, муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст.
"Байден назоратро дар марз суст кард ва ба ин васила бӯҳрони навро оғоз кард. Картелҳо, хариду фурӯши одамон ва кӯдакон. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳоло оромона вориди кишвар мешаванд", - гуфт ӯ.
Дар хотима Доналд Трамп гуфт, ки шояд дубора номзад шавад.