Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд

Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.
Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт. 
Отамбоевро озод накарданд, балки ба СИЗО баргардонданд
Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.
Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.
Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.
Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.
Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".
Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард
Аммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.
Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.
Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.
Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.