ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд, афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон, зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд карда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода бори дигар иброз доштааст.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шудааст.
Ёдовар мешавем, сафари ҳайатҳои баланди ҳамсоякишвар дар доираи омодагиҳо ба конфронси "Қалби Осиё - Раванди Истамбул", ки зери роҳбарии Душанбею Кобул доир мешавад, сурат мегирад ва дар назар аст, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ни сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.