ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумат, сарвазири Арманистон эълом дошт, ки дар кишвар раванди навсозии нерӯҳои мусаллаҳ оғоз шудааст.
Пашинян аз имзои санаде дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ бо раҳбарии вазири дифоъ барои таҳияи ҷадвали харитаи роҳ барои ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод.
Сарвазири Арманистон инчунин илова кард, ки ин кишвар ният дорад дар соҳаи низомӣ бо Русия ҳамкории зич дошта бошад.
"Дар ин раванд мо ният дорем бо шарики рақами яки худ дар соҳаи амният - Федератсияи Русия ҳамкории наздиктар ба роҳ монем",- гуфт Пашинян.
Сиёсатмадор изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории Арманистон ва Русия дар соҳаҳои амният, низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ муассиртар хоҳад шуд.