ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Роҳҳои автобус аз Тошканд ба манотиқи Узбакистон ба сабаби сардиҳо дар саросари кишвар лағв карда шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти автовокзали пойтахти Ӯзбекистон.
"Бо сабаби номусоидии обу ҳаво, тамоми хатсайрҳои автобусҳои байнишаҳрӣ аз Тошканд ба минтақаҳо рӯзи панҷшанбеи 25-уми феврал бекор карда шуданд", - гуфта мешавад дар канали Telegram-и автовокзал.
Тибқи иттилои ҳавосанҷони ин кишвар, аз 23 феврал дар саросари ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯзона ба 2-9 дараҷа ва шабона 7-12 дараҷа сард шуд, ки дар натиҷа дар роҳҳо яхбандӣ ба амал омад.
То ин замон, дар Ӯзбекистон ҳаво гарм буд, ки рӯзона то 10 дараҷа мерасид.
Ҳавосанҷони ин кишвар, субҳи 25 феврал, дар минтақаи вилояти Тошканд, ҳудуи Чимгон яке аз маъруфтарин минтақаҳои истироҳатии кишвархатари тармафароиро эълон карданд.
Ҳавошиносон инчунин пешгӯӣ мекунанд, ки дарахтони мевадиҳанда, ки дар нимаи моҳи феврал бар асари гармои ғайримуқаррарӣ гул кардаанд, сардиҳо метавонанд зарари ҷиддӣ расонанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон аз хатари тармафароӣ дар кӯҳҳо ҳушдор дод.
Ёдовар мешавем, бар асари боришот ва тармафароӣ дар Тоҷикистон низ ҳаракати автомобилҳо ба самти Суғд ва ВМКБ муваққатан баста шуданд.