Роҳи Душанбе-Хуҷанд дубора боз шуд

Шаби гузашта роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бинобар зиёд бориши барф ва тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Чанд лаҳза пеш ширкати IRS масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аст, хабар дод, ки баъди бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе оғоз гардид.
Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ қатъ шуд: ҳушдори КҲФ
Гуфта шудааст, ки роҳ пурра кушода шуда, ҳаракати нақлиёт аз ҳарду ҷониб имконпазир гардид.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди воситаҳои нақлиёт, гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"- ҳо муваққатан маҳдуд карда шудааст.
Таъмиру тармими роҳ дар Хуҷанд то Наврӯз анҷом меёбад
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки омодагии филиали ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст.
“Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 89 тонна ангишт, қариб 300 000 литр сӯзишворӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд”, - таъкид доштааст филиали ширкати IRS.
Ҳамзамон роҳбарони ширкат ба маълумоти ронандагон расонидааст, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.