ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи ҷудо дар зӯрозмоии Тошканд аз Тоҷикистон 13 паҳлавони ҷудокор, аз ҷумла як зан намояндагӣ хоҳад кард.
Аз ҷумла Қаюмзода Абумуслим – 60 кило, Суфиев Баҳром - 66кило, Сафаралиев Алиҷон – 66 кило, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 73 кило, Акмал Муродов ва Назаров Ҳақназар дар вазни то 81 кило, Комроншоҳи Устопириён - то 90 кило, Саидҷалол Саидов то 100 кило, Раҳмон Мансур – 100 кило, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ҳарду дар вазни беш аз 100 кило сабқат мекунанд. Хабаргузории “Ховар” аз қавли Федератсия овардааст, ки дар сабқати занон аз Тоҷикистон як нафар - Шоҳида Қаландарова дар вазни то 63 кило зӯрозмоӣ менамояд.
Манбаъ афзуд, барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то ҳол иштироки 547 варзишгар, аз ҷумла 317 мард ва 230 зан аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 5 март қувваозмоиҳо дар вазнҳои 60 - 66 кило миёни мардон ва аз 48 то 57 кило миёни занон доир мегарданд.
Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони вазнашон аз 73 то 81 кило миёни мардон ва аз 63 то 70 кило миёни занон рақобат мекунанд. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон аз 90 то зиёда аз 100 кило миёни мардон ва 78 кило миёни занон ба поён мерасад.
Ғолибони ин зӯрозмоӣ баробари холҳои олимпӣ инчунин 5 ҳазор доллар барои ҷои дуюм 3 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ хоҳанд гирифт.
Бар асоси меъёрҳо, ҷудокоророни ҷаҳон имкон доранд, то моҳи июни соли равон холҳо барои роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токиоро ба даст оранд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.