ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар Хуҷанд як занро бо гумони кордкашӣ дасгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.
Тавре дафтари матбуотии ВКД менависад, ҳодиса ҳанӯз 12 феврал тақрибан соатҳои 10:30 субҳ рух додааст.
Гуфта мешавад, зани гумонбаршаванда дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамзисташ марди 39-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардааст.
Сипас бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задаст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - менависад ВКД Тоҷикистон.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.