Амрико ҳамоно аз дипломатҳои худ талаб дорад, ки ба ҳеҷ сурат аз ваксинаи сохти Русия эм нагиранд. Аврупо бошад аллакай ба муассирияти ваксинаи Русия қоил шуд ва дар ояндаи наздик онро сабти ном хоҳад кард.
Зимнан, рӯзи шанбе Русия боз як ваксинаи дигарро сабти ном кард, ки он аллакай саввумин ваксинаи сохти ин кишвар мебошад.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин аз сабти ном шудани ваксинаи "КовиВак" хабар дода гуфт, 120 ҳазор вояи нахустини ин ваксин аллакай аз моҳи март мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд.
Ҳоло дар Русия имкони алайҳи маризии коронавирус эм гирифтан имконпазир аст. Ҳазорҳо шаҳрвандандон, ки алайҳи ин беморӣ масуният надоранд бо ваксинаи "Спутник V" эм карда мешаванд.
Илова бар ин, моҳи ноябр дуюмин ваксинаи Русия "ЭпиВакКорона" низ сабти ном шуд.
Ба ҳамин минвол, таваҷҷӯҳ ба ваксина сохти Русия ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст. Агар чӣ Амрико комилан муқобили ваксинаҳои Русия аст.