ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Салимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аҳолӣ ва замини ноҳияи Сино соли гузашта, зиёд шуду сохтмонҳо коҳиш ёфтаанд. Салимзода тавзеҳ дод, ки замину аҳолии ноҳия дар соли гузашта аз ҳисоби пайваст шудани заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ афзоиш ёфт.
Ба иттилои ӯ, соли 2020 аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Сино беш аз 2,3 ҳазор гектар замин ва ҳудуди 77,7 ҳазор аҳолӣ гузаштаанд. Масоҳати ноҳияи Сино асосан аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои “Чоряккорон”, “Чимтеппа”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ васеъ гардид.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар пайи гузаштани бархе аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба Сино, ин ноҳия, ки калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад, ду тақсим карда мешавад. Аммо феълан санаи дақиқ дар ин робита ироа нашудааст.
Дар ҳамин ҳол корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағгузорӣ ва сармояи асосӣ ба маблағи 820,3 миллион сомонӣ иҷро шуда, ба 68,6 фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар мебошад.
Инчунин 112 ҳазору 630 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 68,3 фоизро ташкил медиҳад.
Нусратулло Салимзода дар маҷмуъ таъкид кардаст, ки сарфи назар аз мушкилоти марбути пандемия соли гузашта, дар ноҳияи Сино нақшаи буҷа 102,9 фоиз иҷро шуда, ҳудуди 798 миллион сомонӣ ворид гардидааст.