ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Алишер Усмонов барои мардуми Ӯзбекистон 500 ҳазор воя ваксинаи алайҳи коронавирус мехарад, хабар медиҳад ВАО - и ин кишвар бо истинод ба Президент Шавкат Мирзиёев.
Муайян гардидааст, ки Усмонов ин миқдор воя ваксинаро танҳо аз ҳисоби худ харидорӣ мекунад.
Қаблан, кишвардори Ӯзбекистон аз нияти харид кардани 1 миилон воя ваксина алайҳии коронаиврус хабар дода буд. Зимнан, Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки аз 1 миллион воя, 500 ҳазорро Алишер Усмонов харидорӣ мекунад.
Гуфта мешавад, Усмонов аз ҳукумати Ӯзбекистон дархост намудааст, ки аз 500 ҳазор воя ваксинае, ки ба Ӯзбекистон меорад, 50 ҳазор воя ба сокинони Намангон дода шавад.
Бояд зикр намуд, ки Мирзиёев аснои мулоқот бо сокинони ноҳияи Намангон хабар дод, ки Ҳукумат ҳудуди 3 триллион сум барои харид кардани ваксина алайҳи коронавирус ихтисос додааст.
Ӯ дар муроҷиат ба сокинон қайд намуд, ки "мо бидуни шитобкорӣ варианти беҳтарини ваксинаро пайдо мекунем ва тамоми шаҳрвандонро бо он таъмин хоҳем кард".
"Мо озмоишҳо мегузаронем ва ҳатман навъи беҳтарини ваксинаро ба шумо дастрас мекунем", - ваъда дод кишвардори Ӯзбекистон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ӯзбекистон ваксинаи сохти Русия "Спутник V " - ро сабти ном кард. Интизор меравад, эмгузаронӣ то моҳи марти имсол оғоз меёбад.