Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳанд

Намояндагони мақомоти Қирғизистон аз замони оғози гуфтушунид оид ба минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 феврал - Sputnik. Кор дар самти аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз моҳи марти соли 2021 идома хоҳад ёфт, гуфт намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масъалаҳои марз Назирбек Борубаев.
"Комиссияи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев роҳбарӣ мекунад. Ҳоло ӯ бемор аст",- хабар дод Борубаев.
Ба гуфтаи намояндаи махсуси ҳукумат, пас аз сиҳат ёфтани раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва бозгашти ӯ ба Қирғизистон, кор дар ҳалли масъалаи марз идома хоҳад ёфт.
Посухи ВУХ Тоҷикистон ба дипломатҳои қирғиз: хабари носанҷидаро паҳн накунед
Интизор меравад, ки кори муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз аз даҳаи аввали моҳи март аз сар гирифта шавад.
Ба гуфтаи Борубаев, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи 60% марз ба мувофиқа расидаанд. Кор дар ин самт соли 2002 оғоз ёфта буд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар рӯзи гузашта зимни як нишасти хабарӣ дар мавриди аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор дошт, ки Комиссияи байниҳукуматӣ корҳои зиёдеро анҷом дод, аммо аз ҷониби Қирғизистон баъзе бандҳо боз лағв шудаанд.
Ӯ изҳори умед кард, ки бо омадани раёсати нав дар Қирғизистон, масъалаи марзӣ дар сатҳи нав ҳал хоҳад шуд.
Ҷаласаи ояндаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди аломатгузории марз моҳи март ба нақша гирифта шудааст ва ба гуфтаи вазир мавқеи роҳбарияти нави Қирғизистон дар ин мулоқот рӯшан хоҳад шуд.