Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром мегӯяд, Тоҷикистон хело пештар қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Субҳонзода Икром, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки кай парвозҳои муқаррарӣ бо Русия барқарор мешаванд, посух гуфт.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳанӯз аз моҳҳои июн Тоҷикистон қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад.
"Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд", - таъкид кард Субҳонзода ва афзуд, ки муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон ва донишҷӯён дар ин росто қабул кардааст.
"Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо коронавируси Тоҷикистон хело барвақт қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад, ҳанӯз аз моҳи июн омода ҳастем", - таъкид кард вай.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёт ва Оҷонсии фидералии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст.
Вазир гуфт, Русия барои аз сар гирифтани парвозҳо чӣ шарт гузоштааст
"Дирӯз низ дар Русия бевосита дар ин бора сӯҳбат карда будем, мо қарори ҳамкоронамонро интизорем", - мегӯяд Субҳонзода.
Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳо
Ба қавли директори агентӣ, Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст.
"Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст", - таъкид кард ӯ.
Икром Субҳонзода афзуд, ки Русия бо Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон ва Арманистон парвозҳоро барқарор кардааст ва умед аст, ки кишвари минбаъд Тоҷикистон мегардад.