Нардбонҳои сохтмонии яке аз биноҳои маркази Маскав зери бори барф фурӯ рехт.
Ҳодисаи фавқулода дар гузаргоҳи Лубянский рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳангоми фурӯпошии тахтаҳо одамон дар назди бино аз болои пули чӯбӣ мегузаштанд.
Тибқи охирин хабарҳо, дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар маҷрӯҳ шуданд. Онҳоро аз зери харобаҳо берун оварданд. Як занро, ки ҷароҳати бештар бардоштааст, фавран ба беморхона бурдаанд. Ба ду раҳгузари дигар дар ҳамон ҷо кӯмак мерасонанд.
Дар лаҳзаи фурӯ рехтани нардбонҳои сохтмонӣ дар болои бино ягон коргар набудааст.
Сабаби дақиқи фурӯрезии нардбонҳои сохтмонӣ рӯшан карда мешавад.