ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар шаҳри Маскав марги боз як муҳоҷири тоҷик дар яке аз майдонҳои сохтмон ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Ҳодисаи нохуш дар яке аз майдонҳои сохтмон, дар кӯчаи Лобочевскийи пойтахти Русия ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта шудааст, ки ду муҳоҷири коригар аз баландии бинои сохташуда ба замин сарозер шуданд. Дар ҳоли ҳозир, яке аз муҳоҷироне, ки аз баландӣ ба замин сарозер шудааст дар бемористон бистарӣ гардидааст ва вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон, манбаъ қайд кардааст, муҳоҷири дигаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон будаасту, ҳамроҳ бо муҳоҷири дар бемористон бистаригардида аз баланди ба замин сарозер шудааст, ба ҳалокат расидааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ ҳарду муҳоҷири меҳнатӣ бидуни шартномаи меҳнатӣ дар ин сохтмон кор мекарданд.
Прокуратураи генералии Русия оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ, тафтишотро оғоз намудааст.